Май 05, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо

Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Маркази зидди террористии Созмони Милали Муттаҳид, дидору гуфтугӯ кард.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Томас Гремингер, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Владимир Воронков, раиси маркази зидди террористии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти аршади созмонҳои байналмилалӣ дар чорчӯби Конфронси байналмилалии «мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» сурат гирифт.

Дар ҷараёни дидори Аслов ва Воронков масоили марбут ба ҳамкории Душанбе бо муассисоти зидди террористии Созмони Милал ва дӯрнамои тавсеаи таомулоти чандҷониба дар заминаи мубориза бо чолиш ва таҳдидоти марбут ба амнияти байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аслов ҳамчунин дар чорчӯби ин конфронс бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мулоқот кард.

Дар ҷараёни дидори вазири хориҷаи тоҷик бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, масоили марбут ба вазъият ва дӯрнамои ҳамкории Душанбе бо ин созмон мутобиқ бо дастуруламали ҷадиди дафтари он дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тарафайн ҳамчунин дар хусуси масоили мавриди алоқаи дутараф баҳсу табодули назар карданд.

Рӯзи гузашта ба мизбонии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо ҳузури беш аз 400 меҳмони хориҷӣ аз 46 кишвари мухталифи ҷаҳон, 30 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ҳамчунин муассисоти илмӣ ва таҳқиқотӣ баргузор шуд.