Май 07, 2018 09:21 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди зани тоҷик бо ду кӯдакаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Мақомоти қазоии Афғонистон як зани тоҷикро, ки ба талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам дониста мешуд, бо ду кӯдаки ноболиғаш ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Ба гузориши “Топ Тҷ”, хонум Хосият, ки ду сол қабл дар Афғонистон ба иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт гардида буд, ба ҳамроҳи ду кӯдакаш ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ин зани тоҷик дар соли 2017 дар мусоҳиба бо шабакаи аввали телевизиони давлатии Афғонистон бо радди ин иттиҳом гуфта буд, ки ба унвони як зан мусулмон ба Афғонистон омадааст, то дар як кишвари исломӣ зиндагӣ кунад.

Ин зани тоҷик қаблан бозгашт ба Тоҷикистонро рад мекард ва дар ниҳоят бо талоши сафорати Тоҷикистон дар Кобул, барои рафтан ба кишвараш ризоят дод.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бозгашти хонуми Хосият ва ду кӯдаки ноболиғашро ба ватанаш таъйид карда ва гуфтааст, ки пас аз гуфтугуҳои тӯлонӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон мувофиқат кард, ки ба кишвари хеш бозгардад.

Имомов таъкид кардааст, ки қавонини ҳуқуқии Тоҷикистон инсондӯстона аст ва бо ин маврид бархӯрди муносиб хоҳад шуд.

Бо ин ҳол мақомоти қазоии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки хонум Хосият пас аз бозгашт ба ин кишвар барои таҳқиқ дар мавриди чигунагии сар аз Афғонистон дар оварданаш боздошт ва ду кӯдаки вай, ба бастгонаш таҳвил дода шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи сафорати Тоҷикистон дар Кобул, дар 9 моҳи ахир бо мусоидатҳои онон чаҳор мард ва се зан ба ҳамроҳи панҷ кӯдакашон ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Ин афрод дар қаламрави Афғонистон ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шуда буданд.

Бо ин ҳол дар бораи теъдоди дақиқи шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон дар Афғонистон, ки ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ боздошт шудаанд, иттилои дақиқе дар даст нест.