Май 09, 2018 08:48 Asia/Dushanbe
  • 14 сол зиндон барои пайвастани як шаҳрванди Тоҷикистон ба ДИИШ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи терористии ДИИШ, ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон, М. Зиёев дар замони ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир ба ҷазби афрод ба гурӯҳи террористи ДИИШ иқдом карда буд, худаш низ ҳангоми рафтан ба Сурия ва Туркия бо парвози Маскав- Истамбул дар соли 2017 аз сӯи кормандони амниятии Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Мақомоти додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки ин шаҳрванд Тоҷикистон дар соли 2016 дар Русия бо фарди дигаре аз Тоҷикистон ба номи Б. Саидалиев ошно шуда ва таҳти таъсири таблиғоти вай, барои пайвастан ба ДИИШ ибрози омодагӣ карда буд. Дар пайи ин таблиғот, Зиёев тасмим гирифт ба Сурия биравад ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайвандад, аммо дар таърихи 4 феврали соли 2017 ҳангоми парвоз ба Истамбул Туркия дар фурудгоҳи Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо баррасии ин мавзӯъ, вайро ба иттиҳоми ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои ширкат дар ҷанг дар қаламрави кишвари хориҷӣ ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон, ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур ёфтаанд, ки наздик ба 300 нафар аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.