Зиндон сазои дидани наворҳои суханронии Кабирӣ ва Назарзода
Додгоҳи вилояти Хатлон Алиҷон Шарипов, сокини 32-солаи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахшро бо ҷурми тамошо ва ташвиқи видеои ҷаласаи раёсати ҲНИТ ва як видеои тавсифӣ дар бораи Ҳоҷӣ Ҳалим, ҳамчунин "класс” мондан дар зери видеои мусоҳибаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Ба иттилои Toptj, додгоҳи вилояти Хатлон сокини 32-солаи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш Алиҷон Шариповро дар "даъват ба экстремизм, даъват барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва фаъолият дар ҳизбҳои сиёсие, ки бо қарори додгоҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ дониста мешаванд” гунаҳкор дониста, ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми Шарипов моҳи апрел содир шуда, алакай ба иҷро даромадааст.
Гуноҳи Алиҷон Шарипов аз ин иборат будааст, ки ӯ ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанаш навори мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тамошо карда, зери он тугмаи "класс”-ро пахш кардааст. Ҷурми дигари ӯ тамошои видеое буда, ки дар он аз Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, ки соли 2015 дар ҷараёни саркӯби ошӯби мусаллаҳона кушта шуд, тавсиф мешавад.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки"Шарипов наворҳои видеоии ҷаласаи раёсати олии ҲНИТ дар ҳиҷрат (қисмҳои 1 ва 2)-ро тамошо карда, наворҳоеро бо ширкати Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ташвиқ кардааст, ки хусусияти тавсифӣ доранд”.
Худи Алиҷон Шарипов дар баёноташ тамошо ва ташвиқи видеоҳо бо ҳузури Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалимро эътироф кардааст, вале гуфтааст, ки ҷиноят будани ин корашро намедонист: "Дар парвандаи Алиҷон Шарипов гуфта мешавад, ки ин ҷавон соли 2017 ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан пайваста наворҳои сӯҳбати Муҳиддин Кабириро сабт ва тамошо карда, зерашон тугмаи "класс”-ро зер мекард ва ё онҳоро бо дигарон мефиристод ("поделиться”) мекард.”
Алиҷон Шариповро рӯзи 3 январ баъди бозгашт аз Русия дар зодгоҳаш – деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш – боздошт кардаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар манъ ва ин ташаккули умдаи мухолифинро ба рӯйхати созмонҳои ҳам ифротӣ ва ҳам террористӣ шомил кард. МақомотҲНИТ-ро ба даст доштан дар ташкил ва роҳбарии ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим айбдор мекунанд.