Тоҷикистон камтаваҷҷуҳтарин кишвар ба ғарб аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i33898-Тоҷикистон_камтаваҷҷуҳтарин_кишвар_ба_ғарб_аст
Натоиҷи як пажуҳиш дар Маркази роҳбурдии тасмимҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар Амрико нишон медиҳад, дар миёни 14 кишвари пасо-Шӯравӣ (ҷуз Русия), Тоҷикистон тамоюли каме барои ҳамкорӣ бо ғарб нишон медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 10, 2018 07:15 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон камтаваҷҷуҳтарин кишвар ба ғарб аст

Натоиҷи як пажуҳиш дар Маркази роҳбурдии тасмимҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар Амрико нишон медиҳад, дар миёни 14 кишвари пасо-Шӯравӣ (ҷуз Русия), Тоҷикистон тамоюли каме барои ҳамкорӣ бо ғарб нишон медиҳад.

Ба нақл аз Toptj, ин пажуҳиш дар 14 кишвари узви Шӯравии собиқ анҷом шуда ва нишон додааст, мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон дар равобит бо ғарб ҷиҳати эҳтиётро муроот мекунанд.  

Миёни ин 14 кишвар, ҷумҳуриҳои каронаи дарёи Балтика, Гурҷистон ва Украина тамоюли зиёде барои наздикӣ ва ҳамкорӣ бо ғарб нишон медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо эълом кардаанд, дар сиёсат хориҷии худ аз равиши "дарҳои боз" истифода мекунанд.