Май 11, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии рушди туризм

Шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон рӯзи сешанбе 15 моҳи май мизбони ҳамоиши байналмилалии рушди туризм аст.

Ин ҳамоиш ба ибтикори Дафтари рушди Созмони милали муттаҳид ва Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст дар ин ҳамоиш масоили марбут ба амалисозии тарҳҳои гардишгарӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар баррасӣ шавад, зимни онки ин тарҳҳо таваҷҷуҳи вижае ба масоили зистмуҳитӣ дорад.

Соли 2018 дар Тоҷикистон ба фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар, соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд то соли 2020 беш аз як миллион гардишгари хориҷиро ба Тоҷикистон ҷазб кунанд.