Май 11, 2018 20:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико бо Эмомалӣ Раҳмон

Фармондеҳи ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико имрӯз (ҷумъа) бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе пойтахти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва генерал Ҷозеф Вотел дар ин дидор масоили марбут ба марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои сойбериро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ин фармондеҳи амрикоӣ ҳамчунин ба ҳузури ДИИШ дар Афғонистон эътироф карда ва гуфтааст, фаъолияти танишзои гурӯҳи Толибон ва худдории онҳо аз пайвастан ба ҷараёни сулҳи пешниҳодии давлати Кобул сабаби зуҳури ДИИШ дар ин кишвар шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта, дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар конфронси зиддитеррористие, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мавзӯи интиқоли аъзои гурӯҳи террористи ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистонро рад карда буд.

Мақомот ва расонаҳои Афғонистон ва Русия, Амрикоро созмондиҳандаи аслии интиқоли ДИИШ ба Афғонистон медонанд.

Сафари Ҷозеф Вотел ба Тоҷикистон аз 10 май оғоз то 12 май идома дорад.

Вай дар моҳи апрели соли гузашта низ ба Тоҷикистон сафар ва бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карда буд.