Оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 01 Sep 2016 15:52:36 GMT )
Сентябр 01, 2016 20:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон

Соли нави таҳсил имрӯз, якуми сентябр дар Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Дар Тоҷикистон рӯзи нахустини соли нави таҳсил Рӯзи дониш номгузорӣ шуда, бо дарси сулҳ оғоз мешавад.

Имрӯз бештар аз 200 ҳазор хонандаи синфи якум бори аввал по ба мактаб гузоштанд.

Маросими вижаи Рӯзи дониш имсол бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор шуд.

Бар пояи гузориши Вазорати маориф ва илми ин кишвар, дар Тоҷикистон 3800 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад.