Май 12, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи корхонаи тавлиди тракторҳои Беларус дар Тоҷикистон

Бо ҳузури раисон ҷумҳури Тоҷикистон ва Беларус, корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои Беларус дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.  

Ба нақл аз Спутник, ифтитоҳи ин корхона яке аз барномаҳои сафари Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ба Душанбе таи рӯзҳои 14 то 16 майи соли ҷорӣ аст.

Бо роҳандозии корхонаи монтажи тракторҳои Беларус дар шаҳри Ҳисор, заминаи тавлиди солона 300 дастгоҳ аз ин таҷҳизот дар Тоҷикистон фароҳам мешавад.  

Ин корхона бо сармоягузории муштараки Беларус ва Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар 20 километрии ғарби душанбе ва дар масоҳати ҳазору 600 метри мураббаъ сохта шудааст.