Май 12, 2018 12:12 Asia/Dushanbe
  • Душанбе, мизбони фестивали байналмиллалии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ

Фестивали байналмиллалии ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ бахшида ба "Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" имрӯз шанбе 12 май дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба нақл аз Равобит умумии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ин фестивал бо ташаббуси вазорати мазкур  имрӯз дар соати 13:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин фестивал, ки намояндагони созмонҳои байналмиллалии муқими шаҳри Душанбе ҳузур доранд, ҳунармандоне аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои маҳалии худро ба намоиш мегузоранд.

 Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва  анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дустона байни кишварҳо мебошад.