Май 12, 2018 21:13 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳои низомӣ дар кишварҳои хориҷӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кушта шудани 500 шаҳрванди ин кишвар, дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар хориҷ хабар дод.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо намояндагони марокизи донишгоҳӣ, имомхатибони масоҷид, кормандони ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ ва масъулони вилоятҳо ва ноҳияҳои ин кишвар дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки 500 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар хориҷ кушта шудаанд.

Вай бо гумроҳ хондани бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хонаводаҳои худро низ ба манотиқи даргирӣ интиқол додаанд ва бо кушта шудани ин афрод, акнун занон ва фарзандони онон бесарпараст мондаанд, ҳузури атбои тоҷик дар Русия ба унвони коргарони муҳоҷир ва таҳсили ҷавонон дар марокизи омӯзиши исломӣ дар хориҷ аз Тоҷикистонро, аз ҷумлаи авомили пайвастани онон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ унвон кард.

Вай афзуд, дар иртибот бо мушорикати шаҳрвандон Тоҷикистон дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар даргириҳои низомӣ дар кишварҳои хориҷӣ, 675 нафар боздошт ва муҷозот шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ теъдоде аз шаҳрвандони ин кишвар барои идомаи аъмоли ҷинояткоронаи худ, акнун дар шимоли Афғонистон таҷаммӯъ кардаанд.

Ҳамчунин тайи солҳои ахир 23 нафар аз имомхатибон ва муовинони онон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва мамнуъа боздошт шудаанд.

Бо талоши мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон 3 ҳазору 400 нафар аз ҷавонони тоҷик, ки дар марокизи омӯзшии улуми исломӣ дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба кишварашон бозгардонда шуданд. Аммо ҳанӯз ҳам 400 нафар аз ин афрод дар хориҷ ба таҳсил идома медиҳанд, ки бояд ба Тоҷикистон бозгардонда шаванд.