Баста шудани маркази нусхабардории филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2018-05-13T05:26:49+00:00 )
Май 13, 2018 10:26 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани маркази нусхабардории филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз баста шудани маркази ғайриқонунии нусхабардорӣ ва интишори силсилафилмҳои туркӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, се ҷавони 24, 28 ва 33-солаи сокини ин минтақа ба иттиҳоми нақзи қонуни дифоъ аз ҳуқуқи муаллиф ва таъсиси студияи ғайриқонунии нусхабардорӣ ва интишори сериалҳои туркӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ин афрод дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо иҷораи як хона иқдом ба таъсиси студияи ғайриқонунӣ карда буданд, ки ба маънии нодида гирифтани қонунҳои ҳуқуқии Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ коршиносони созмони Тоҷикфилм бо баррасии фаъолияти ин студияи ғайриқонунӣ зарарҳои воридшуда ба ин созмонро 250 ҳазор сомонӣ баровард кардаанд.

Бар асоси қонунҳои ҳуқуқии Тоҷикистон имкони ташкили парвандаи додгоҳӣ алайҳи ин се сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми таъсиси студияи ғайриқонунии нусхабардорӣ ва интишори сериалҳои туркӣ вуҷуд дорад.

Тарҷума ва пахши сериалҳои сохти Туркия ба иллати камбуди тавлиди филмҳои тоҷикӣ дар Тоҷикистон аз соли 2010 дар миёни шаҳрвандони ин кишвар мавриди истиқбол қарор гирифт.

Вазорати фарҳанги ин кишвар дар соли 2013 барои маҳдуд кардани тарҷума ва интишори ин филмҳо вориди амал шуд.