Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 13 May 2018 09:23:48 GMT )
Май 13, 2018 14:23 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон

Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон 14 - 17 майи соли 2018 бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии фарҳанг ва санъати Белорус ба мардуми тоҷик баргузор мегарданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 -15 май ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Белорус Юрий Бондар роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро бар уҳда хоҳад дошт.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории вохӯрии ҳайати расмии Рӯзҳо бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Рӯзҳои кинои Белорус, намоишгоҳи асарҳои мусаввирӣ, барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дар назар аст.

Барномаҳои консертӣ бо иштироки Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Белорус Владимир Громов ва Алёна Ланская, инчунин ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки» -и Ҷумҳурии Белорус сурат хоҳанд гирифт.

14 майи соли 2018 соати 14:00 дар Хонаи кинои «Зебунисо» ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон доир мегардад.

15 май сафари меҳмонон ба шаҳри Ваҳдат ва ташкили барномаи консертӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат дар назар аст. Инчунин меҳмонон аз Дараи Ромит дидан менамоянд. Соати 14:00 ҳамин рӯз дар Хонаи кинои «Зебунисо» идомаи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Субҳи 16 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон соати 10:00 баъди анҷоми мулоқоти расмӣ ба нақша гирифта шудааст.