Май 13, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
  • Пахши вижабарномаи моҳи мубораки Рамазон аз радиои тоҷикии Садои Хуросон

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамчун солҳои гузашта дар аёми моҳи мубораки Рамазон вижабарномае 30 қисматӣ тавлид ва пахш хоҳад кард.  

Мухтори Фарзодӣ, мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон бо эъломи ин хабар афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ниёзи мухотабони ин радио дар Тоҷикистон барои баҳрагирии бештар аз авқоти арзишманди саҳарҳои моҳи мубораки Рамазон, ин радио дар назар дорад, ҳамчун солИ гузашта ҳар саҳаргоҳ ва дар соати 1:30 дақиқаи бомдод ба вақти Душанбе ва ба муддати 90 дақиқа вижабарномае дар 30 қисмат бо унвони “Зиндадилон” таҳия ва пахш кунад.  

Ривоёти динӣ ва Қуръонӣ, намоиш, тиловат ва тафсири Қуръон, ибтиҳол, сурудҳо ва навоҳои ирфонӣ, ҳикоётҳои адабӣ ва ирфонӣ аз бахшҳои муҳими ин вижабарнома аст.