Май 14, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
  • Интизорот аз сафари раисиҷумҳури Беларус ба Тоҷикистон

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва корманди аршади Пажӯҳишгоҳи умури Ҷомеаи ҳамсуд мӯътақид аст, ки сафари Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус ба Душанбе мӯҷиби густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, хонум  Аза Мигранянгуфтааст, ки ба далели дӯр аз якдигар воқеъ шудани Тоҷикистон ва Беларус, набуди хутути мустақими шабакаҳои роҳи оҳан ва роҳҳои заминӣ миёни ин ду кишвар, сатҳи мубодилоти тиҷорӣ миёни Душанбе ва Минск чандон зиёд нест, аммо баргузории намоишгоҳи тавлидоти санъати Беларус дар шаҳри Душанбе ҳамзамон бо сафари раисиҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон, фурсати муносибе барои арзаи маҳсулоти ширкатҳои беларусӣ ба мардуми тоҷик хоҳад буд.

Хонум Аза Мигранян афзудааст, мошинҳои кишоварзии беларусӣ аз кайфти матлубе бархӯрдор мебошад ва метавонад ниёзҳои бахши кишоварзии Тоҷикистонро бароварда созад. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, коршиносони мошинҳои кишоварзии Беларус метавонанд, тавлидоти худро дар заминҳои кишоварзии Тоҷикистон озмоиш кунанд, ки барои татобуқи ин мошинҳо дар шароити ин кишвар муҳим аст.

Мигранян мегӯяд, Тоҷикистон низ роҳбурди афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзиро дар дастури кор қарор додааст, ки Беларус метавонад аз харидорони ин маҳсулот бошад.

Қарор аст, бо ҳузури раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус корхонаи мантажи тракторҳои шаҳри Минск дар шаҳраки Ҳисор дар 20 километрии ғарби Душанбе ифтитоҳ гардад, ки заминаи тавлиди солона 300 дастгоҳ аз ин таҷҳизоти мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистонро фароҳам месозад.