Май 15, 2018 08:50 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи се шаҳрванди Тоҷикистон аз Чеченистон

Бо ҳукми додгоҳи Ҷумҳурии Чеченистон се шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қонуни иқомат ва ҳузури ғайримуҷоз дар қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, мақомоти ин додгоҳ бидуни эъломи номи ин афрод гуфтаанд, ки синни онон байн 20-23 сол буда, бидуни сабти иқомати худ дар қаламрави Ҷумҳурии Чеченистон сукунат доштаанд. Бо ҳукми додгоҳи Ҷумҳурии Чеченистон, ин 3 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қавонини иқомат ҳар як ба пардохти 2 ҳазор рубл ҷаримаи молӣ маҳкум ва аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.

Дар соли 2017 давлати Русия ба дархости Тоҷикистон 122 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири ихроҷшудаи ин кишварро, ки аз ҳаққи вуруди дубора ба Русия маҳрум шуда буданд, мавриди афв қарор дод. Аммо 181 ҳазор нафари дигар аз ин афрод, ки ба далели нақзи қонуни иқомат аз Русия ихроҷ шуда буданд, шомили ин афв нашуданд. Русия дар ҳоли ҳозир бузургтарин кишвари пазирои коргарони муҳоҷири тоҷик аст, ки теъдоди ин афрод байни 1 миллиону 500 ҳазор то 2 миллион нафар эълом шудааст. Дар соли 2017 ин афрод аз Русия 2 миллиарду 200 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол доданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 300 миллион доллар бештар будааст.