Май 15, 2018 09:02 Asia/Dushanbe
  • Музокироти раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Беларус дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон музокироти расмии раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Беларус баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко масоили марбут ба иҷрои тавофуқҳои гузашта, ҳамкориҳои ояндаи иқтисодӣ ва сармоягузории муштарак дар кишварҳои дигарро баррасӣ хоҳанд кард.

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус шаби душанбе барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва мавриди истиқболи расмии Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва дигар намояндагони давлати Тоҷикистон қарор гирифт.

Қарор аст, дар канори дидору гуфтугӯи раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Беларус музокироти ҳайатҳои давлатии ду кишвар низ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Қарор аст, дар фарҷоми ин музокирот чанд санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо бирасад.

Тоҷикистону Беларус ҳамвора равобити дӯстона ва наздике дар тамоми бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ дошта ва доранд.