Май 16, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Кишоварзӣ–  Ҳалқаи пайвасти Тоҷикистон ва Беларус

Як коршиноси масоили сиёсии минтақа, мӯътақид аст, Тоҷикистон барои Беларус ба хотири бархӯрдорӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ, дорои аҳамияти зиёде аст.

Ба гузориши Спутник, Алексей Дзермант бо ишора ба дидори раисиҷумҳури Беларус бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар гуфт, заминаи рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон бо кумакҳои Беларус вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи вай, ифтитоҳи корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои Беларус дар шаҳраки Ҳисори Тоҷикистон бо ҳузури раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус метавонад бахше аз ниёзҳои кишоварзони тоҷикро ба мошинолоти кишоварзӣ, бароварда созад.

Аз сӯи дигар Беларус ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ниёз дорад, ки бо афзоиши тавлиди ин маҳсулот, заминаи содироти он низ фароҳам хоҳад шуд.

Ҳамчунин тарафи Беларус омодагии худро барои омӯзиши мутахассисони мавриди ниёзи Тоҷикистон дар бахшҳои санъатӣ ва кишоварзӣ эълом кард, ки ин мавзӯъ барои Тоҷикистон аҳамияти вижае дорад.

Аммо мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2017 танҳо 30 миллион доллар будааст, ки ба маротиб камтар аз зарфиятҳои ин ду кишвар аст.

Алексей Дзермант иллати поин будани мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Беларусро дӯрии ду кишвар аз ҳам, набуди хутути мустақими шабакаҳои рейлӣ ва роҳҳои заминӣ медонад.

Дар дидори Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус аз Тоҷикистон ва музокироти вай бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, 15 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.