Омори талоқ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст
Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд, танҳо дар се моҳи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон, се ҳазору 43 хонавода аз ҳам пошида шудаанд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин кумита дар остонаи 15 май, Рӯзи оила дар Тоҷикистон, омори такондиҳандае аз талоқ дар миёни хонаводаҳои тоҷик мунташир кард. «
Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи занон дар як нишасти хабарӣ гуфт, имрӯза талоқ ба як масъалаи доғ дар Тоҷикистон табдил шудааст, ки осор баде ба ҷо мегузорад.
Олимӣ афзуд, соли гузашта 2017 дар Тоҷикистон даҳ ҳазору 100 мавриди талоқ сабт шуд, аммо танҳо дар се моҳи аввали имсол, ин омор ба се ҳазору 43 маврид афзоиш ёфт.
Ба гуфта вай, ин беш аз 30 дарсад аз издивоҷҳое аст, ки тайи ин муддат сабт шуда ва ин мавзӯъ нигаронии мақомотро афзоиш додааст.
Ин мақоми тоҷик пешниҳод кардааст, дар Кодекси оила ва никоҳ тағйироте эҷод шавад, ки бар асоси он, никоҳҳои бармаҳал маҳдудтар аз қабл шавад.
Ӯ яке аз далоили аз ҳам пошида шудани хонаводаҳоро издивоҷ дар синни поин дониста ва афзудааст, бо вуҷуди ин ки Кодекси оила ва никоҳ, издивоҷ дар синни камтар аз 18 солагиро фақат дар чанд ҳолат ҷоиз дониста, аммо бархе аз он сӯистифода мекунанд.
Қурбонзода Ҳилолбӣ, вакили парлумони Тоҷикистон низ бар зарурати бозбинии Кодекси оила ва никоҳ ва маҳдуд кардани издивоҷҳо дар синни кам таъкид кардааст.
Вай гуфтааст, ҳарчанд тибқи Кодекси оила ва никоҳ дар синни кам фақат дар чанд ҳолат иҷозат аст, вале ба назар мерасад, имрӯза аксари волидайн бо сӯиистифода аз он, боиси афзоиши омори издивоҷ дар синни кам мешаванд.
Ӯ мегӯяд, ҳатто ҳолатҳое низ вуҷуд дорад, ки бо ин ки дар хонавода ҳеҷ мушкиле аз лиҳоз молӣ вуҷуд надошта, вале фарзандони худро дар синни кам водор ба издивоҷ кардаанд.