Май 17, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
  • Талоши Беларус барои ҳифзи ҳамгароии минтақаӣ бо Тоҷикистон

Устоди Донишгоҳи равобити байналмилали вобаста ба Вазорати хориҷаи Русия муътақид аст, раисҷумҳури Беларус ҳамвора талош кардааст, ки Тоҷикистон дар тарҳҳои ҳамгароии минтақаӣ фаъол бошад.

Ба нақл аз Спутник, Кирилл Кактиш бо ишора ба сафари дурӯзаи раисҷумҳури Беларус ба Тоҷикистон гуфт, ин иқдом муҷиби густариши беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар хоҳад шуд.  

Дар ҷарёни ин сафар бо ҳузури ду раисҷумҳур, корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои Беларус дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ин корхона бо сармоягузории муштараки Беларус ва Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар 20 километрии ғарби Душанбе ва дар масоҳати ҳазору 600 метри мураббаъ сохта шудааст. Таҷҳизоти насбшуда дар ин корхона имкони тавлиди тракторҳои “Беларус 80” ва “Беларус 82”-ро фароҳам месозад. Ҳамчунин Намоишгоҳи маҳсулоти миллии Беларус бо ҳузури Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.