Май 17, 2018 12:08 Asia/Dushanbe
  • Назорати шаҳрдорӣ бар бозорҳои Душанбе дар моҳи Рамазон

Тавре сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе Дилшод Махсумов хабар дод, баҳри ғановати дастурхони сокинони пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби сохторҳои марбута дар ҳамаи бозорҳои шаҳр аз болои нархи  маҳсулоти ниёзи аввалия назорати қатъӣ бурда мешавад.

Ба иттилои Ховар, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ барои соли 2018 тасдиқ гардидааст, ки тибқи он, Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон,  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ташкили ярмаркаҳо ва иштироки  корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Роҳбарони бозорҳои коммуналии пойтахт низ муваззаф гардидаанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро бемиёнаравҳо дар бозорҳои шаҳр  таъмин намуда, барои деҳқононе, ки маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд, шароит ва афзалияти ҳамаҷониба фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти ҳаққи ҳамаи намуди хизматрасониҳо, ки дар бозорҳои шаҳр тибқи муқаррарот муайян гардидаанд, бо пуррагӣ озод намоянд.