Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба се ҷамъияти саҳҳомӣ тақсим шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34274-Ширкати_давлатии_Барқи_тоҷик_ба_се_ҷамъияти_саҳҳомӣ_тақсим_шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармоне Ширкати давлатии “Барқи тоҷик”-ро ба се ҷамъияти саҳҳомӣ тақсим кард.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 17, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
  • Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба се ҷамъияти саҳҳомӣ тақсим шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармоне Ширкати давлатии “Барқи тоҷик”-ро ба се ҷамъияти саҳҳомӣ тақсим кард.  

Ба нақл аз Toptj, дар ин фармон таъкид шудааст, ки дар се моҳи оянда бо ислоҳи сохтори ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ду ҷамъияти саҳҳомии шабакаи интиқоли барқ ва шабакаи тавзеи барқ таъсис хоҳад шуд.

Ҳамчунин бар асоси тарҳи ислоҳи сохтори ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ҷамъияти саҳҳомии тавлиди барқ таъсис хоҳад шуд, ки бар раванди тавлиди барқ дар ин кишвар назорат хоҳад кард.

Раванди таъмини фаъолияти нерӯгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷамъияти саҳҳомии “Барқи тоҷик”, интиқол барқ бо ҷамъияти саҳҳомии шабакаи интиқоли барқ ва назорат бар пардохти ҳазинаи барқи масрафӣ бо шабакаи тавзеи барқ хоҳад буд.