Май 17, 2018 15:05 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ: Дархости СММ аз Тоҷикистон

Дастёри дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар поёни сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, хостори густариши озодиҳои шаҳрвандӣ ва риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши сомонаи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Эндрю Гилмор, рӯзи 14-уми май дар нишасте бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, давлатҳо нақши ҳаётӣ дар зиндагии шаҳрвандони худ бозӣ мекунанд, аммо “бе шакку шубҳа, онҳо ба хирад монополия надоранд”.

Гилмор гуфт, густариш фазои боз ва озод барои ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва дигарон амре зарурӣ аст, то онҳо битавонанд вазоифи худро бидуни монеъ ва таҳдид, бозрсиҳои идории ғайризарурӣ ва тарс аз пайгирии қонунӣ, иҷро кунанд.

Вай ҳамчунин хостори истиқлоли амали бештари вакилони мудофеъ шуд ва ин корро мӯҷиби осон шудан дастёбӣ ба адолат ва тақвияти додгоҳҳои Тоҷикистон донист.

Дастёри дабири кулли СММ гуфт, мақомоти тоҷик дар заминаи ҳазфи шиканҷа ба пешрафтҳое дар сатҳи қонунӣ даст ёфтаанд, аммо дар амал ҳанӯз дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо ин қабил рафторҳо решакан нашудаанд.

Вай шиканҷаро амале ғайриқонунӣ, ғайри ахлоқӣ ва беҳуда номид ва гуфт, намояндагии СММ дар умури ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, омодаи ироаи пуштибонии фаннӣ ба Тоҷикистон дар ташкили механизми боздорандаи миллӣ барои ҳазфи шиканҷа аст.

Гилмор ҳамчунин хостори иқдомоти муассире барои муқобила бо табъиз густурда алайҳи занон, ҷавонон, маълулон ва ақаллиятҳои ҷинсӣ шуд.

Дастёри дабири кулли СММ дар умури ҳуқуқи башар рӯзи 15 май низ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ин андешаро, ки эҳтиром ба ҳуқуқи башар наметавонад ҳамзамон бо таъмини амният риоят шуд, рад кард.

Ӯ бо баёни мисолҳои мухталифе аз саросари ҷаҳон гуфт, баракс, фишор ва ҳамла ба намояндагони ҷомеаҳо боиси эҷоди хашм, ифротгароӣ, хушунат ва бесуботӣ мешавад.

Эндрю Гилмор, дастёри дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар, рӯзҳои 14 ва 15 май дар Душанбе бо намояндагони мақомоти олирутбаи Тоҷикистон, аз ҷумла муовини вазири умури хориҷа, муовини Вазири адлия ва муовини Додситони кулл, гуфтугӯ ва вазъи ҳуқуқи башарро дар ин кишвар баррасӣ кард.