Устод Муъмин Қаноат даргузашт
Устод Муъмин Қаноат, маъруфтарин шоир ва чеҳраи фарҳанги миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 18-уми май дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, устод Қаноат, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ҳаштоду шашумин солгарди зодрӯзаш чашм аз ҷаҳон барбаст, ба унвони яке аз тавонотарин ва пурсамартарин шоирони тоҷик дар қарни ҳозир шинохта шудааст.
Ба гуфтаи пайвандонаш ишон тайи чанд муддати охир ба далели беморӣ бистарӣ буд.
Муъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омад ва пас аз хатми мактаби зодгоҳ дар парваришгоҳи давлатии Ғарм ва риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идомаи таҳсил дод.
Вай ба шеър гуфтан ҳанӯз дар овони донишомӯзӣ оғоз карда ва дар аввалҳои даҳаи 1960 ба таври ҷиддӣ вориди арсаи адабиёт шуд.
Муъмин Қаноат ба муддати тӯлонӣ раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Бисёриҳо дар Тоҷикистон шеъри "Забони модарӣ"-и Муъмин Қаноатро нахустин шуълаи истиқлолхоҳии миллии тоҷикон дар даврони фармонравоии Шӯравӣ медонанд.
Пас аз он буд,ки шоироне чун Лоиқ Шералӣ,Бозор Собир ва Гулрухсор падид омаданд ва адабиёти навини Тоҷикистонро поярезӣ карданд.
Устод Қаноат муаллифи осори мондагоре чун достонҳои “Тоҷикистон-исми ман”, “Суруши Сталинград”,”Созҳои Шероз” ва “Гаҳвораи Сино” аст.
Охирин офаридаи маъруфи ин устоди сухан “Масъуднома” аст, ки ба Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон бахшида шудааст.
Муъмин Қаноат муддате ҳам дар Эрон зиста ва борҳо ба ин кишвари ҳамзабон сафар кардааст, ки ҳосили яке аз ин сафарҳо манзумаи “Созҳои Шероз” аст.
Устод Қаноат дар охирин сафар ба Теҳрон дар ҳузури Раҳбари инқилоби исломӣ шеърхонӣ карда ва мавриди таҳсини ишон қарор гирифта буд.
Зарфи камтар аз 20 рӯзи ахир ин дувумин чеҳраи матраҳи адабиёти Тоҷикистон аст, ки аз дунё даргузаштааст.
Рӯзи аввали моҳи май Бозор Собир, аз дигар шоирони шинохтаи тоҷик даргузашт ва рӯзи 14-уми май ба хок супурда шуд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон даргузашти устод Муъмин Қаноатро ба хонаводаи он марҳум ва ҳамаи форсизабонон ва адабдустон дар саросари ҷаҳон таслият мегӯяд.