Шеъри устод Қаноат, ки шайхҳои арабро хуш наомад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34312-Шеъри_устод_Қаноат_ки_шайхҳои_арабро_хуш_наомад
Шодравон устод Мӯъмин Қаноат дар даҳаи 80-и қарни бистум ба унвони узви Кумитаи сулҳи Шӯравӣ дар яке аз кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс шеъре суруд, ки ба мазоқи шайхҳои араб хуш наомад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 18, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
  • Шеъри устод Қаноат, ки шайхҳои арабро хуш наомад

Шодравон устод Мӯъмин Қаноат дар даҳаи 80-и қарни бистум ба унвони узви Кумитаи сулҳи Шӯравӣ дар яке аз кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс шеъре суруд, ки ба мазоқи шайхҳои араб хуш наомад.

Ин шоири номдори тоҷик дар шеъре, ки дар ин сафар ба таври филбадоҳа суруд, ба номи таърихии халиҷи Форс ишора карда буд.

Устод Қаноат ин шеърро чанд сол қабл дар дидори рамазонии шоирони форсисаро бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари инқилоби исломӣ хонд, ки таҳсини эшон ва дигар шоирони ҳозир дар маҳфилро дар пай дошт.

Устод Қаноат чунин суруда буд:

Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ,

Абр аз Шероз меояд чу сими форсӣ,

 

Дурр аз ин дарё намеҷӯям, чу дур афтодааст

Аз таги дарё таҳи чашми ятими форсӣ.

 

Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст,

Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими форсӣ.

 

Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт,

Рафт бо атри кафан атру шамими форсӣ.

 

 Равонаш биҳиштӣ бод!