Май 19, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Сахт шудани ҷазо барои мусобиқоти автомобилронии ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи ислоҳияи ворида ба қонуни “Муқаррароти ҳаракати васоили нақлиёт дар роҳҳои Тоҷикистон”-ро имзо кард, ки сахт шудани ҷазои афроди хилофкор дар мусобиқоти автомобилронии ғайриқонунӣ аз муҳимтарин бандҳои он аст.

Ба гузориши “Спутник”, акнун моликони мошинҳо ва ронандагоне, ки дар мусобиқоти автомобилронии ғайриқонунӣ ширкат кунанд, илова бар ҷаримаи 12,5 то 15 ҳазор сомонӣ, ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум ва гувоҳиномаи онон мусодира хоҳад шуд.

Бар асоси ин ислоҳия, дар сурати такрори ин маворид, мизони ҷарима ба 20 ҳазор сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Дар соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон эълом карда буд, тайи ҳафт соли гузашта, бо вуқуи беш аз 10 ҳазор мавриди ҳаводиси ронандагӣ дар роҳҳои ин ҷумҳурӣ, се ҳазору 300 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Вай аз мақомоти давлатӣ ва волидайни ҷавонон дар Тоҷикистон дархост карда буд, назорати худ бар ронандагии фарзандонашонро сахттар кунанд.