Ирсоли парвандаи масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ба додгоҳ
(last modified Sun, 20 May 2018 04:31:01 GMT )
Май 20, 2018 09:31 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ба додгоҳ

Кормандони додситонии вилояти Суғд бо такмили парванда алайҳи Хайрулло Мирсаидов масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон, ин аснодро барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд.

Ба гузориши Азия-Плюс, Гулчеҳра Ғоибназарова дастёри додситони вилояти Суғд гуфтааст, парвандаи масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобон такмил ва барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст.

Вай дар моҳи декабри соли 2017 ба иттиҳоми истифодаи ғайримақсадноки молӣ, сохтакории аснод ва барангехтани танаффури мазҳабӣ боздошт шуд, ки ин эътирози созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва рӯзноманигоронро барангехт.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Хайрулло Мирсаидов масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ва хабарнигори собиқи хабаргузории Азия-Плюс ва радиои Садои Олмон алайҳи Олим Зоҳидзода мудири идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард.

Иллати шикоят низ пардохт накардани маблағи таъйиншуда барои Бошгоҳи ҳозирҷавобон ва талаби ришва унвон шуд.

Аммо додситони вилояти Суғд бо боздошти Мирсаидов барои вай парвандаи додгоҳӣ ташкил дод ва акнун ин моҷаро бояд дар додгоҳи вилояти Суғд баррасӣ шавад.

Дар айни ҳол мақомоти вилояти Суғд баъдан Олим Зоҳидзода мудири идораи ҷавонон ва варзиши ин минтақаро аз мақомаш барканор карданд.

Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон муташаккил аз теъдоде ҷавон аст, ки дар солҳои гузашта дар мусобиқоти саросарӣ дар ҳавзаи кишварҳои узви ИДМ мақом овардаанд.

Мақоми аввал ва дувуми мусобиқоти бошгоҳҳои ҳозирҷавобон дар Маскав ва Қирғизистон тайи ду соли ахир аз ҷумлаи ифтихороти Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон аст.

Муҳтавои ин мусобиқот бештар пурсиш дар заминаи таърих, адабиёт, улуми таҷрибӣ ва фарҳанг аст, ки бояд афрод бо доштани ҳофизаи қавӣ ва зеҳни пардозишгар дар тӯли чанд сония ба онҳо посух диҳанд.