Талоши дубора барои фурӯши корхонаи тавлиди либоси "Гулистон"
(last modified Sun, 20 May 2018 05:25:52 GMT )
Май 20, 2018 10:25 Asia/Dushanbe
  • Талоши дубора барои фурӯши корхонаи тавлиди либоси

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлати Тоҷикистон барои бори севум талош мекунад корхонаи тавлиди либоси “Гулистон”-ро ба фурӯш бирасонад.

Ба гузориши сомонаи Toptj.com, масъулони ин кумита қаблан эълом карда буданд, дар ду музоядаи пешин муваффақ ба фурӯши ин корхона нашудаанд.

Корхонаи тавлиди либоси “Гулистон” мутааллиқ ба Зайд Саидов вазири пешини саноат ва раиси ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикстони нав" аст, ки ҳамакнун дар зиндон ба сар мебарад.

Гуфта мешавад, давлат дар соли 2014 барои аввалин бор пас аз мусодираи ин корхона, қимати онро 32 миллион сомонӣ таъйин карда буд.

Аммо ин бор дар музоядаи фурӯши ин корхона, ки рӯзи 23 майи соли ҷорӣ баргузор мешавад, қимати аввалияи он 784 ҳазору 436 сомонӣ таъйин шудааст.

Саҳмияҳои корхонаи тавлиди либоси “Гулистон” қабл аз зиндонӣ шудани Зайд Саидов ва мусодира шудани корхона дар соли 2014, мутааллиқ ба вай ва Димитрий Фирташ сармоядори украинӣ буд ва маҳсулоти он умдатан ба кишварҳои аврупоӣ содир мешуд.

Зайд Саидов вазири пешини саноат ва фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон пас аз эълоими таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикстони нав" дар соли 2013, боздошт ва бар асоси чанд парванда ба 29 сол зиндон маҳкум шуд.

Зайд Саидов ва ҳомиёну тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ ва беасос медонанд.