Май 20, 2018 10:54 Asia/Dushanbe
  • Ду омили муассир дар рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2019

Бонки Рушди Осиё дар тозатарин таҳқиқи худ дар бораи дурнамои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2019, бо пешбинии рушди иқтисодии Тоҷикистон, ду омилро дар ин амр дахил донистааст.

Ба гузориши Спутник, коршиносони ин бонк фаъолияти неругоҳи барқи обии Роғун ва афзоиши интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро ду омили муҳим дар рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2019 муаррифӣ кардаанд.

Баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018, ба буҳрони камбуди барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон поён медиҳад ва сабаби афзоиши содироти барқ ба хориҷи кишвар хоҳад шуд.

Ҳамчунин эҳтимоли афзоиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар соли 2019 метавонад сабаби рушди нисбии иқтисодии Тоҷикистон шавад.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, дар соли 2019 ба иллати оғози бозпардохти маблағи 500 миллион доллар воми дарёфтӣ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои молии неругоҳи барқи обии Роғун дар хориҷи кишвар ва афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон, имкони афзоиши таваррум дар ин кишвар низ вуҷуд дорад.

Тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ ва анвои хадамот беш аз ҳафт дарсад афзоиш ёфтааст.