46 хонаводаи тоҷик рустое дар вилояти Владимири Русияро эҳё карданд
Муҳоҷирати 46 хонаводаи тоҷик ба рустои Рождествено дар вилояти Владимир дар 200 километрии шимоли ғарби Маскав, мӯҷиби эҳёи ин минтақа шудааст.
Ба гузориши Спутник, бо ин иқдом, ки тайи ду даҳаи гузашта анҷом шудааст ва тамоми хонаводаҳои тоҷик шаҳрвандии русиро пазируфтаанд, акнун ҷамъияти ин русто ба беш аз 200 нафар афзоиш ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир аксари хонаводаҳои тоҷик муқими ин минтақа ба кишоварзӣ машғул ҳастанд ва фарзандони онон дар мактаб таҳсил мекунанд.
Дар Русияи феълӣ 19 ҳазор русто бидуни аҳолӣ вуҷуд дорад, ки танҳо коргарони муҳоҷир метавонанд барои эҳёи ин манотиқ ва рушди тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ кумак кунанд.
Раҳмон Улмасов, устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ва коршиноси умури муҳоҷират мӯътақид аст, Маскав метавонад аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ барои эҳёи дубораи зиндагӣ дар рустоҳои худ, истифода кунад ва барои ин манзур бояд миёни Тоҷикистон ва Русия созишномаи муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик барои кор ва эҳёи дубораи зиндагӣ дар рустоҳои беодами Русия, ба имзо бирасад.
Ба ақидаи ин коршинос, бо коҳиши ҷамъияти бумии Русия, ин кишвар наметавонад қудрати иқтисодӣ ва иҷтимоии худро ҳифз кунад. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон неруи изофии кор вуҷуд дорад ва камбуди шадиди заминҳои кишт, корхонаҳо ва марокизи тавлидӣ эҳсос мешавад.
Улмасов ҳамчунин пешбинӣ кардааст, Русия маҷбӯр мешавад дар ояндаи наздик барои таъмини рушди ҷамъият ва ҳифзи тавони иқтисодии худ, неруи кории ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷазб кунад.
Вай таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир намояндагиҳои 60 донишгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба думболи пазириш ва эъзоми донишҷӯёни тоҷик ба Русия ҳастанд, то заминаи таъмини мутахассисро барои иқтисоди ин кишвар дар оянда фароҳам кунанд.