Андоз – бузургтарин манбаи даромади Ҳукумати Тоҷикистон
(last modified Tue, 22 May 2018 03:29:37 GMT )
Май 22, 2018 08:29 Asia/Dushanbe
  • Андоз – бузургтарин манбаи даромади Ҳукумати Тоҷикистон

Дар се моҳи нахусти имсол беш аз 76 дарсад аз бахши даромади буҷаи давлати Тоҷикистон аз ҳисоби пардохти андоз ҳосил шудааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии бахши даромади буҷаи давлати ин кишвар дар се моҳи нахусти имсол наздик ба чаҳор миллиарду 400 миллион сомонӣ эълом шудааст, ки 76 дарсад он аз ҳисоби пардохти андоз будааст. Маҷмӯи умумии буҷаи давлати Тоҷикистон дар ин муддат чаҳор миллиарду 375 миллион сомонӣ мебошад, ки иҷрои 101-дарсадиро нишон медиҳад. Дар ин шохис афзоиши ҳаҷми молиёти пардохтӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл қобили мушоҳида аст. Аз сӯйи дигар бахши ҳазинаи буҷаи давлати Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол ба чаҳор миллиарду чаҳор миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 402 миллион сомониро нишон медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз панҷ як бахши ҳазинаи буҷаи давлати Тоҷикистон ба бахши сӯхту энержӣ тааллуқ дорад. Ҳамчунин саҳми омӯзишу парвариш дар бахши ҳазинаи буҷаи давлати Тоҷикистон 17 дарсад, бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ 14 дарсад, беҳдошт ва дармон 7.3 дарсад ва ҳамлу нақл 5.2 дарсадро ташкил кардааст.