Май 22, 2018 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳаҷми сармояи умумии ҷамъияти саҳҳомии

Дар нишасти солонаи саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомии "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” дар шаҳри Душанбе дар рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ мавзӯи афзоиши мизони сармояи молии ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар ҳоли ҳозир мизони сармояи аввалияи ҷамъияти саҳҳомии "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” 14 миллиард сомонӣ эълом шудааст, ки талош мешавад, дар ин нишаст барои афзоиши он пешниҳодоте ироа шавад. Дар соли 2014 дар нишасти мушобеҳе мизони сармояи аввалияи ҷамъияти саҳҳоми "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” аз 6 миллиард сомонӣ ба 12 миллиард ва дар соли 2015 ба 14 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта буд.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2010 барои ҷазби сармояи мардум бо ҳадафи кумак ба такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба фурӯши авроқи баҳодор иқдом кард, ки дар натиҷа, маблағи 180 миллион доллар фароҳам шуд. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир 22 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон саҳҳоми молии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҳастанд, аммо теъдоди умумии шаҳрвандони ин кишвар, ки дорандагони саҳмияи молии ин нерӯгоҳ мебошанд, наздик ба 2 миллион нафар эълом шудааст.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натиҷаи муноқиса (тендер)-и байналмилалии сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo” вогузор кард. Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки то поёни соли 2018 турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт/соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.