Коҳиши даромади молии ширкатҳои телефонии ҳамроҳ дар Тоҷикистон
Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон аз коҳиши даромади молии ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернет ва телефони ҳамроҳ дар ин кишвар дар соли 2017 хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷикТА”, дар ин гузориш таъкид мешавад, ки даромади молии ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернет ва телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон дар соли 2017 дар муқоиса бо соли пеш аз он 20 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд масъулони Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон тавзеҳе барои коҳиши даромади молии ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернет ва телефони ҳамроҳ дар ин кишвар дар соли 2017 ироа накардаанд, аммо коршиносон мегӯянд, сабти дубораи симкортҳо ва маҳдудият дар фурӯши онҳо, коҳиши арзиши сомонӣ ва қатъи фаъолияти марокизи ироадиҳандаи хадамоти интернет ва телефони ҳамроҳ аз сӯйи Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон иллати умдаи коҳиши даромади молии ин ширкатҳо дар соли 2017 будааст.
Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон бо маҳдуд кардани фаъолияти ин ширкатҳо ва инҳисорӣ намудани хадамоти интернет ва телефони ҳамроҳ амалан монеи афзоиши даромади молии ин марокиз шудааст. Яке аз ин иқдомот дастури Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон ба ширкатҳои хадамоти интернетӣ дар соли 2017 буд, ки афрод бояд танҳо аз ширкат "Тоҷиктелеком" интернет харидорӣ кунанд ва ҳаққи истифода аз ин шабака аз кишварҳои дигарро надоранд. Пеш аз ин ширкатҳои хадамоти интернетӣ аз Қирғизистон, Чин ва Русия интернетро харидорӣ ва ба муштариён ироа мекарданд, ки баъд аз ин ҳақ маҳрум шуданд ва рақобат дар бозори ироаи хадамоти интернет ва телефони ҳамроҳ низ, ки мӯҷиби рушди ин бахш дар солҳои қабл дар Тоҷикистон буд, аз байн рафт.