Май 22, 2018 15:12 Asia/Dushanbe
  • Дархости коршиносони СММ барои озодии Маҳмадалӣ Ҳаит

Коршиносони ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хостори озодии муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон шуданд.

Ба гузориш хабаргузории “Форс”, як гурӯҳ аз коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, ки парвандаҳои боздошти ғайриқонунӣ дар кишварҳои ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, эълом карданд, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ғайриқонунӣ буда ва аз ин рӯ, ӯ бояд озод шавад. Ин гурӯҳи кории СММ пас аз таҳқиқоти худ ба ин натиҷа расидааст, ки зиндонӣ кардани Маҳмадалӣ Ҳаит ғайриқонунӣ буда ва ин шахсияти сиёси тоҷик бояд аз зиндон озод шавад.

Дар дархости 13-сафҳаии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон пас аз боздошт, бозпурсӣ ва муҳокимаи Ҳаит қавонини зиёдеро нақз кардаанд. Аз ҷумлаи ин қавонин метавон ба фурсати кӯтоҳи ду ҳафтаии вакилони муовини раиси ҲНИТ барои посухгӯӣ ба давлат ва иттилоърасонӣ накардан ба онҳо дар муддати панҷ моҳи боздошти ӯ мебошад. Ҳамчунин бар асоси гузориши коршиносони СММ, давлати Тоҷикистон ба Ҳаит иҷоза надода, то ӯ шоҳидони худро ба додгоҳ муаррифӣ кунад, зимни ин ки вай дар замони боздошт ва бозпурсӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 ҳамроҳ бо 13 узви дигари ин ҳизб ба иттиҳоми ҳидоят ва тарҳрезии кудатои нофарҷоми Абдулҳалим Назарзода, муовини вазири дифои ин кишвар боздошт шуд. Ӯ нақш доштан дар кудаторо ба шиддат рад карда, аммо дар ниҳоят додгоҳ Ҳаитро ба ҷурми ҳимоят аз «терроризм, қатл ва куштор, даъват ба сарнагун кардани давлат қонунӣ, барангехтани адовати миллӣ ва мазҳабӣ» ба ҳабси абад маҳкум кард.