Май 22, 2018 15:59 Asia/Dushanbe
  • Идомаи амалиёти шиносоии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар вилояти Хатлон

Оғози марҳилаи якуми «Нелегал-2018» оиди гузаронидани марҳилаи якуми чорабиниҳои профилактикӣ барои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла хариду фурӯши одамон, аз 15-уми майи соли 2018 шурӯъ гашт.

Ба иттилои сайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бо мақсади самарабахш гузаронидани тадбирҳо, назорати саривақтӣ ва идораи қувваю воситаҳои ҷалбкардашуда, аз ҳисоби мақомоти мазкур дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои фаврӣ таъсис дода шудаанд.

Мақомоти дахлдор дар ин муддат бояд асноди тамоми шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият мекунанд, тафтиш намоянд.

Амалиёти мазкур то 23-юми майи соли равон идома хоҳад кард.