Май 23, 2018 09:36 Asia/Dushanbe
  •  Русия ва Интерпол дар ҷустуҷӯи 28 тоҷикистонии узви ДИИШ

Русия 28 шаҳрванди тоҷикистонии узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таҳти пайгарди қазоии Полиси Байналмилал (Интерпол) қарор додааст.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, яке аз ин афрод Абушаҳид Турсунов, шаҳрванди 32 солаи Тоҷикистон аст.

Вай муттаҳам ба тарроҳии амалиёти номуваффақи сӯйиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015, таблиғи афкори гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Русия ва узвият дар гурӯҳи ДИИШ аст.

Дар ҳоли ҳозир, пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ мушаххас нест Абушаҳид Турсунов дар куҷо пинҳон шудааст.

Вай ҳангоме, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард, дар соли 2014 ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваст ва яке аз мубаллиғони аслии ташвиқи ҷавонони тоҷик барои узвият дар ин гурӯҳ ва рафтан ба ҷанги Сурия ва Ироқ буд.

Вай илова бар фаъолиятҳои таблиғотии расонаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, манобеи молии сафари коргарони ҷавони тоҷикро барои мушорикат дар даргириҳои Сурия ва Ироқ таъмин мекардааст.

Яке аз мақомоти интизомии Тоҷикистон, ки хост номаш ифшо нашавад, гуфтааст, Абушаҳид Турсунов тарроҳи амалиёти номуваффақи сӯйиқасд ба ҷони раисҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Вай ду нафарро барои ин кор дар назар гирифта ва омода карда буд то ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ваҳдат дар соли 2015 чунин амалиёти террористиро анҷом диҳанд, аммо онон қабл аз ин иқдом боздошт ва ба ҳашт солу шаш моҳ ва 10 сол зиндон маҳкум шуданд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар даргириҳои Сурия ва Ироқ 500 шаҳрванди ин кишвар кушта шудаанд, ки исмҳои ин афрод эълом нашудааст.