Май 24, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 268 ҳазор тонна ангишт дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, тавлиди ангишт дар ин кишвар таи чаҳор моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 268 ҳазор тонна расидааст.  

Ба нақл аз сайти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ин мизон тавлиди ангишт дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 28 ҳазор тонна афзоиш нишон медиҳад.

Барномарезии ҳукумат таи чаҳор соли гузашта барои афзоиши тавлиди ангишт дар ин кишвар ва таъмини сӯхти мавриди ниёзи марокизи санъатӣ ва гармоишӣ, муҷиби пешрафт дар ин бахш шудааст.