Май 26, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳам ба эҷоди ноамнӣ дар минтақа

Маркази исломшиносии Тоҷикистон бо интишори мақолае дар сомонаи ин ниҳоди давлатӣ иддао кардааст, ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ бахшҳои мухталифи худро дар кишварҳои пасошуравӣ фаъол мекунад.

Дар ин матлаб бо унвони “Тағйиротҳои геосиёсӣ дар вазъияти Ховари Миёна ва таъсири он ба Тоҷикистон” бо ишора ба фаъол шудани ин ҳизб дар Русия, Узбакистон ва Қирғизистон, гуфта шудааст, созмонҳои фурсатталаб ва судҷӯ аз ин ҳизб дар оянда барои ноором кардани Осиёи Марказӣ, истифода хоҳанд кард.

Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон ва нависандаи ин мақола гуфтааст, ин таҳлил бар асоси далоили мавҷуд навишта шуда ва холӣ аз воқеият нест.

Дар ин мақола таъкид шудааст, “Ба ТЭТ ҲНИТ акнун мақоми созмони сиёсии ҷабрдида аз нигоҳи арзиш-ҳои аврупоиро додаанд. Ташкилотҳои манфиатдор ин созмонро ҳамчун унсури татбиқи лоиҳаҳо истифода мебаранд. Эҳтимоли ғолиб он аст, ки ин ниҳодро барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар оянда захира мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Россия бахшҳои он фаъол шуда истодааст. Миёнаравии лоиҳаҳоро кишварҳои аврупоӣ дар уҳда дорад.”

Аммо масъулони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяанд, ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад ин ҳизбро хатари бузург ҷилва диҳад ва бо ин равиш кишварҳои дигарро ба мамнуъ эълом кардани ин ҳизб, ташвиқ кунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва як созмони террористӣ эълом шуд ва сипас даҳҳо узви ин ҳизб боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Раис ва даҳҳо узви ин ҳизб ҳам ба хориҷ аз кишвар бавижа кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд.