Май 27, 2018 13:07 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани чаҳор кудаки тоҷик аз Сурия ба ватан

Вазорати коҳои хориҷаи Тоҷикистон чаҳор кудаки тоҷикро аз Сурия ба ватан овардааст, вале ному насаби онҳоро фош насохтааст.

Ба нақл аз сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кудакон рӯзи 26-уми май ба Душанбе оварда шуданд.

Дар иттилоияи ин вазоратхона омадааст ба манзури ҳимоя аз ҳуқуқи ин кудакон ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшои номи кудакон ва баёни ҷузъиёти бештар худдорӣ шудааст.

Дар ин хабар тавзиҳе дар бораи хонавода ва волидайни кудакон дода нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд даҳҳо тоҷики дигар дар Ироқу Сурия мондаанд, ки талош барои бозгардондани онҳо идома дорад.

Дар маҷмуъ беш аз як ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқ ва Сурия рафта ва ба гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ монанди ДИИШ пайвастаанд.