Май 29, 2018 14:16 Asia/Dushanbe
  • Таваллуди чоргоникҳо дар Душанбе

Зарина Неъматова донишҷуи 22 сола дар шаҳри Душанбе чоргоник (се духтар ва як писар) ба дунё овард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Зарина сокини шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) аст ва дар ҳоли ҳозир ҳамроҳи ҳамсараш дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

навзодони ӯ аз 1400 то 1700 грам вазн доранд.

Модари Зарина Неъматова мегуяд: Аз онҷое ки  нигаҳдорӣ аз чор кудак барои як нафар вазнин аст ҳукумат ваъда додааст, ки ба онҳо кумаки молӣ хоҳад кард.

Вай мегуяд умедвор аст, ки ба хонаводаи духтараш манзил ҳадия кунанд, зеро онҳо иҷоранишин ҳастанд ва бо чор навзод дар хонаи иҷораӣ зиндагӣ сахт хоҳад буд.

Навзодон ҳамроҳи модарашон қариб ба дуҳафта дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бистарӣ буданд.

Пизишкон иллати тулонӣ мондани ин модару навзодон дар бемористонро нопойдор будани вазъи саломатии навзодон эълом кардаанд.