Май 30, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Озодии як узви боздоштшудаи

Давлати Туркия Насимҷон Шарифов- як узви фаоли "Гуруҳи 24"-ро баъд аз гузашти 70 рӯз аз боздошти вай, рӯзи 29-уми май озод кард.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, намояндагони "Гуруҳи 24", ки созмоне мамнуъ ва мухолифати ҳукумати феълии Тоҷикистон аст ин хабарро эълом кардаанд.

Онон гуфтаанд, мақомоти Туркия Насимҷон Шарифовро аз 19-уми март дар боздошт нигаҳ доштаанд ва акнун пас аз гузашти 70 рӯз озод кардаанд.

Ин созмон изҳори умед карда ва гуфтааст, ба зудӣ рӯзҳои боздошти Суҳроб Зафар роҳбари ин гуруҳ низ дар Туркия ба поён мерасад ва дар ояндае наздик аз сӯи мақомоти Туркия озод хоҳад шуд.

Баъд аз манъи фаолияти "Гуруҳи 24" даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони ин гуруҳ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд.

Бештари ин афрод ба Душанбе истирдод ва дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндонҳои тулонимуддат маҳкум ва теъдоде дигар аз аъзо ва тарафдорони он ҳам ба кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд ва аз онҷо фаолиятҳои сиёсии худро идома доданд.