Тақвияти равобит - меҳвари ройзании мақомоти Покистон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34892-Тақвияти_равобит_меҳвари_ройзании_мақомоти_Покистон_ва_Тоҷикистон
Раиси Кумитаи фармондеҳони ситодҳои артиши Покистон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, тавсеа ва тақвияти равобити ду кишварро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 30, 2018 14:54 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобит - меҳвари ройзании мақомоти Покистон ва Тоҷикистон

Раиси Кумитаи фармондеҳони ситодҳои артиши Покистон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, тавсеа ва тақвияти равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаёт, раиси Кумитаи фармондеҳони ситодҳои артиши Покистон дар сафаре ба Тоҷикистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот тарафайн масоили марбут ба тавсеаи равобит миёни ду кишварро баррасӣ ва дар бораи масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу табодули назар карданд.

Генерали покистонӣ дар таърихи 29-уми май барои анҷоми сафари серӯза вориди Душанбе- пойтахти Тоҷикистон шуд.