Май 31, 2018 10:41 Asia/Dushanbe
  • Толибон ба марзи Тоҷикистон наздик шуданд

Мақомоти вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон аз ишғоли бахшҳое аз ноҳияи Даштқалъа дар наздикии марзи Тоҷикистон тавассути гурӯҳи Толибон хабар додаанд.  

Ба нақл аз Toptj, Халил Асир, сухангуии волии вилояти Тахор гуфтааст, ки ҷангҷуёни Толибон 30 май ба маркази ноҳияи Даштқалъа ҳамла карда ва бахшҳое аз ин минтақаро, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон аст, дар контрол гирифтаанд.  

Ин дар ҳолест, ки қаблан Толибон ду ноҳияи Дарқад ва Хоҷабаҳоуддин дар вилояти Тахор дар наздикии марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистонро дар ихтиёр гирифта буданд.