Толибон ба марзи Тоҷикистон наздик шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34940-Толибон_ба_марзи_Тоҷикистон_наздик_шуданд
Мақомоти вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон аз ишғоли бахшҳое аз ноҳияи Даштқалъа дар наздикии марзи Тоҷикистон тавассути гурӯҳи Толибон хабар додаанд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 31, 2018 06:11 Asia/Dushanbe
  • Толибон ба марзи Тоҷикистон наздик шуданд

Мақомоти вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон аз ишғоли бахшҳое аз ноҳияи Даштқалъа дар наздикии марзи Тоҷикистон тавассути гурӯҳи Толибон хабар додаанд.  

Ба нақл аз Toptj, Халил Асир, сухангуии волии вилояти Тахор гуфтааст, ки ҷангҷуёни Толибон 30 май ба маркази ноҳияи Даштқалъа ҳамла карда ва бахшҳое аз ин минтақаро, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон аст, дар контрол гирифтаанд.  

Ин дар ҳолест, ки қаблан Толибон ду ноҳияи Дарқад ва Хоҷабаҳоуддин дар вилояти Тахор дар наздикии марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистонро дар ихтиёр гирифта буданд.