Нишасти Шӯрои кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон
Нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти риёсати Тоҷикистон имрӯз (ҷумъа) дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дастури ин нишаст, баррасии 14 мавзӯи марбут ба густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, инсонӣ ва соири заминаҳо миёни кишварҳои узви ин ҷомеа буд.
Дар ин нишаст ҳамчунин асноди муҳиме дар ҳавзаи тавсиаи навоварии энержӣ ва фанновариаҳои пешрафта ва низ тавофуқномаи эҷод ва тавсиаи бозори моликияти зеҳнии кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд.
Кишварҳои Русия, Беларус, Украина, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон аъзои Итиҳоди Давлатҳои Мустақилро ташкил медиҳанд.