Аҳдофи Чин аз ҷудо кардани қарзҳои калон ба Тоҷикистон
(last modified Sat, 02 Jun 2018 05:16:00 GMT )
Июн 02, 2018 10:16 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи Чин аз ҷудо кардани қарзҳои калон ба Тоҷикистон

Корманди аршади Маркази омӯзиши масоили Чин дар Фарҳангистони улуми Русия муътақид аст, ҳадафи Пекин аз ҷудо кардани қарзҳои калони молӣ ба Тоҷикистон, суди ин пулҳо нест ва аҳдофи дигареро дунбол мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, Василий Михеев гуфтааст, бахши аслии қарзҳои наздик ба семиллиарддолларии хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба кишвари Чин аст.

Давлати Чин бахши аслии қарзҳои худ дар Тоҷикистонро барои бозсозии роҳҳои ин кишвар ҳазина мекунад то заминаи интиқоли маҳсулоти тавлидии корхонаҳои чинӣ ба ин кишвар фароҳам шавад.

Аз ин рӯ, акнун бо кумаки молӣ ва мушорикати нерӯи кори чинӣ, бештари роҳҳои Тоҷикистон то марзҳои Ӯзбакистон бозсозӣ шуда то аз ин тариқ интиқоли колоҳои сохти ширкатҳои чинӣ ба Ӯзбакистон низ имконпазир шавад.

Яке дигар аз далоили аҳамияти Тоҷикистон барои Чин, бархурдории он аз конҳо ва филизоти рангӣ ва арзишманде аст, ки дар ҳоли ҳозир бахше аз ин конҳо дар баробари қарзҳои молии Пекин ба ширкатҳои чинӣ вогузор шудааст.

Аз сӯйи дигар, Чин бо тақвияти ҳузури иқтисодии худ дар Тоҷикистон, талош мекунад ҷойгоҳи сиёсӣ ва фарҳангии худро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунад.

Вазорати молияи Тоҷикистон қарзҳои хориҷии ин кишварро дар соли ҷорӣ ду миллиарду 803 миллион доллар эълом кардааст, ки бахши аслии он мутааллиқ ба Бонки давлатии воридот ва содироти Чин аст.