Хисороти фаровони сел дар ду ноҳияи вилояти Хатлон
(last modified Sat, 02 Jun 2018 05:41:33 GMT )
Июн 02, 2018 10:41 Asia/Dushanbe
  • Хисороти фаровони сел дар ду ноҳияи вилояти Хатлон

Боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар ноҳияҳои Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, ба манзилҳои маскунӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои иртиботӣ хисороти зиёде ворид кардаву ҷони ҳафт нафарро низ гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик.ТА”, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфтааст, борон ва сел дар чаҳор рустои ноҳияи марзии Панҷ ва ду рустои ноҳияи Фархор 26 хонаро ба таври комил вайрон ва ба 19 манзили маскунӣ осеб ворид кардааст.

Хонум Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон таъкид кардааст, нерӯҳои имдод ва наҷот дар ноҳияи Панҷ ҳазору 471 хонавода ва дар ноҳияи Фархор 135 хонаводаро ба маконҳои амн интиқол додаанд.

Ҳамчунин тайи чанд рӯзи ахир 977 манзили маскунӣ мавриди лойрӯбӣ қарор гирифтааст то сокинони ин манзилҳо битавонанд ба хонаҳои худ бозгарданд.

Барои сокинони манотиқи осебдида аз сел дар ду ноҳияи вилояти Хатлон, бо кумаки Сандуқи Кӯдакон, Созмони Ғизо ва Кишоварзӣ ва дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, кумакҳои аввалияи ғизоӣ ва либос ирсол шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса ҳамчунин ба заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон низ хисороти зиёде ворид кардааст.