Июн 02, 2018 14:50 Asia/Dushanbe
  • Имзои 13 санади ҳамкорӣ дар нишасти кишварҳои ИДМ дар Душанбе

Дар нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақи ё Ҷомеаи Ҳамсуд дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон 13 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дар ин нишаст асноди ҳамкорӣ дар заминаҳои энержӣ, мудирияти пасмондаҳои таҷҳизоти электирикӣ ва электироникӣ, табодули асноди мутобиқ бар стандартҳои байнидавлатӣ, протоколи ислоҳот дар мувофиқатномаи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобил дар умури гумрукӣ имзо шуд.

Кишварҳои Русия, Беларус, Украина, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон аъзои ИДМ -ро ташкил медиҳанд.

Нишасти дурӯзаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд, ки аз дирӯз - ҷумъа дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон оғоз шуда буд, имрӯз ба кори худ поён дод.

 

Барчасп