Июн 02, 2018 15:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози кори нишасти Шурои нахуствазирони Ҳамсуд дар Тоҷикистон

Нишасти Шурои нахуствазирони кишварҳои узви Ҷомеъаи Ҳамсуд дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон оғоз ба кор кард.

Дастури кори нишасти Шурои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои Мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) баррасии 14 мазӯъ дар бораи густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, умури инсонӣ ва дигар заминаҳо миёни кишварҳои узв эълом шудааст.

Кишварҳои Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдавӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон аъзои Иттиҳодияи кишварҳои Мустақили муштарикул манофеъ(Ҳамсуд)-ро ташкил медиҳанд.

Шароити равон дар минтақаи Осиёи марказӣ ба гунае аст, ки раҳбарони Ҳамcуд дар ҳоли ҳозир дар тамомии сатҳҳо ва дар заминаҳои мухталиф ба баргузории  нишаст дар сатҳи ин ҷомеха иқдом мекунанд ва ин амрро метавон ба далели нигарониҳои бархоста аз ҳуҷуми ноамнӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ва Русия қаламдод кард.

Бо вуҷуди бархе ихтилофи назарҳо байни аъзои Иттиҳодияи кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ (Ҳамсуд) шубҳае нест, ки нишасти Душанбе ва нишастҳои ҳамонанди он аз аҳамияти фаровоне барои сиёсатмадорони ҳоким бар минтақаи Осиёи марказӣ бархурдор аст  ба вижа баргузории муваффақи ин нишастҳо ба сурати ғайри мустақим Русияро ба ҳимоят аз ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ вазифадор ва мутаъаҳҳид мекунд.

Шубҳае нест, ки ба вуҷуд омадани падидаи шум ва воридотии терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ дар сатҳи ҷомеъаи Ҳамсуд дар ҳоли густариш аст. Бахше аз ин амр ба далели фаолияти бархе аз шаҳрвандони фиребхурдаи ҷомеъаи кишварҳои Ҳамсуд ба вижа ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ дар Сурия ва Ироқ ба ин минтақа сироят ёфта ва бахше низ бо хост, ҳимоят ва мусоидатҳои сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои ғарбии султагар монанди Амрико ва бархе аз давлатҳои нодон дар ҳошияи Халиҷи Форс монанди Арабистон ва Иморот дар ҳоли амалисозӣ аст.

Ба рағми шароити печидаи равон ва вуҷуди таҳдидҳои гуногун, чунин ба назар мерасад сиёсатмадорони ҳоким бар Осиёи марказӣ ба ҷои ҳамгароӣ  ба вогароӣ майли бештаре аз худ нишон медиҳанд. Дар ин замина бархе соҳибназарон манфиъатталабии нухбагони сиёсии ҳоким бар кишварҳои минтақаро монеъи аслии ҳамгароии кишварҳои Осиёи марказӣ донистаанд.

Ба унвони мисол Талъат Тасмагамбетов- коршиноси сиёсии фаол дар Қазоқистон гуфт: Бо вуҷуди вазъияти ногувори иқтисодӣ ва шадид шудани ихтилоф бар сари истифода аз  манобеъи об ва энержии муштараки Осиёи марказӣ, ҳокимони ин кишварҳо манфеъатҳои шахсӣ ва гуруҳии худро бар масолеҳи миллатҳояшон афзалият мебахшанд ва ба ҷои иттиҳод ва ҳамгароӣ раҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ бо иқдомоте монанди қатъи шабакаи барқи саросарии минтақа ба якдигар фишор меоваранд.

Воқеъият он аст, ки ноамнӣ аз муҳимтарин далелҳои нигаронии раҳбарони кишварҳои узви Ҷомеъаи Ҳамсуд ба ҳисоб меояд дар ҳоле, ки ноамнии бархоста аз тағйири сабки зиндагӣ муҳимтарин мушкили давлатҳо ва миллатҳои Осиёи марказӣ ва Қафғоз аст, чароки ҷумҳуриҳои минтақа то пеш аз фаолияти фирқаи золлаи ваҳобият ва бозуҳои низомии ин фирқаи золла мушкиле ба номи ноамнӣ надоштанд.

Барчасп