Бозсозии қисмати тахрибшудаи роҳи Душанбе-Чаноқ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35138-Бозсозии_қисмати_тахрибшудаи_роҳи_Душанбе_Чаноқ
Ширкати муваззаф ба нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ- innovative road solutions эълом кард, ки қисмати тахрибшудаи ин роҳ бозсозӣ шудааст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 04, 2018 16:20 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии қисмати тахрибшудаи роҳи Душанбе-Чаноқ

Ширкати муваззаф ба нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ- innovative road solutions эълом кард, ки қисмати тахрибшудаи ин роҳ бозсозӣ шудааст.  

Ба нақл аз Авесто, субҳи ҷумъа 2 июн қисмате аз танҳо роҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо ҷануби ин кишвар васл мекунад, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ хароб шуд.

Далер Абдуллоҳ, сухангуи ширкати innovative road solutions гуфт, қисмати тахрибшудаи роҳ, ки 35 метр аст, бозсозӣ шуда ва дар рӯзҳои наздик қарор аст, асфалт шавад.